Камолов М. Э.

Маъдичони Эмомуддин

 

 

Илохо холи моро як назар кун,

Дарахти дини моро бо самар кун.

Умед аз лутфи ту бисер дорем,

Ба олам нури худро шуълавар кун.

Ба чуз мехри худат дар дил надорем,

Кабули хар дуо шому сахар кун.

Ба хаки арвохи он Расулат,

Зи дидори рухат моро хабар кун.

Ачаб чобук касест шайтони лаъин,

Зи калби уматон уро бадар кун.

Худовандо ту лутфи хеш фармой,

Бихишти адни худ бар мо назар кун.

Накардем хеч шарти бандагиро,

Гунохи бандагонат дар гузар кун.

Шавад Эмомуддин курбони номат,

Ба рохи рост уро рохсипар кун.

----------------------------------------------------

Эй дуст фиреби нафси шайтон нашави,

Дар банди кафас задию хайрон нашави.

Дуне боги кухна асту ту марди сафар,

Бо хирсу хароси худ зиндон нашави.

Дар махфили номардон пойбанд мабош,

Бе ёди худо ва дини ислом нашави.

Пайгомбари бархаке ки бар мо додаст,

Гофил зи дуруду хатми Курон нашави.

Хам илм омузиву хам касби халол,

Мунтазири пеши душману но инсон нашави.

Мо марди раво-равему дар хоки ватан,

Бо мардуми гайбатчи курбон нашави.

Зиёрати хочиён дур андеш аст,

Бе адои ин закот чупон нашави.

Фармони илохи аст дар дехаи худ,

Бе рузаву бе намоз инсон нашави.

Ту хайру саховате, ки бар даст кади,

Зомин ту ба хаки он ятимон нашави.

Эмомуддин насихат айни мудаост,

Шояд, ки моли халки Пилдон нашави.

-----------------------------------------------------------------

Эй дил ту бие хондани Курона кунем.

Осонии чонкандани ин чона кунем.

Бехуда гузашт дар ин чахон умри азиз,

Хам фикри хамин диёри вайрона кунем.

Дар махфили мо губори хушксоли расид,

Аз Худои худ талаби борона кунем.

Имруз дуо кунем хам кавлу кассам,

Бо мехру вафо изати мехмона кунем.

Боз толиби илм бошем хам фарзи худо,

Ин нафси палиди худ зиндона кунем.

Хар офате, ки мерасад ин бехабарист,

Боз тавбаву илтичо чандона кунем.

Бад кардани якдигару гайбатгуи,

Ин забони худ ба ком часпона кунем.

Мо умати пайгомбари бархак бошем,

Бар гуфтаи он Расул шукрона кунем.

Эмомуддин аз кайфияти хол мапурс,

Андешаи ин диёри Пилдона кунем

-----------------------------------------------------

Эй дил ту таманнои хамон мехру вафо кун,

Дар гушанишини хама вакт ёди худо кун.

Аз бехабарон хира шавад пардаи чашмат,

Бо нури Мухаммад хуру ризвонро нигох кун.

Шабро ту ганимат машумор хоби сахаргох,

Такрор куни Курон, сахар хезу дуо кун.

Мо ки гами чонкандани чон мехурем охир

Бар хез ту аз чой тани хеш даво кун.

Ин турбати хок, ки дар чашми сар афтод,

Дар зиндагиат фикри хамон мори сиёх кун.

Фахре накун аз дидани он умри дарозат.

Бар нафси накарда сер, ту чабру чафо кун.

Рузе рассаду марг ба мехмони ту ояд,

Афсус нахури хеч, хамон фарз адо кун.

Мо рохгузарон токати фарёд надорем,

Осуда мабош ту гами мискину гадо кун.
Ошик машави ту дили гамгин маёзор,

Химмат дар инчо бо ятиму гурабо кун.

Эмомуддин аз ташвиши рузгор чи диди,

То ушру закот бахри ятиму  фукаро кун.

---------------------------------------------------------------

Имруз наметавон рафт бо рохи росту борик,

Фардо чи сон бошад он гури тангу торик.

Сад ваъдахо бидодам ман шарти бандагиро,

Асло вафо накардам, ки гуядам чу табрик.

Эй рохгузар назар кун бо хоки туби кабрам,

Даст бар дуо кушои бар манзилам чу наздик.

Дар махфили худоям, ман марди бе навоям,

Дар хусни у гадоям аз милатхои точик.

Хоча макун ганимат хоби сахар фиреб аст,

Оё хабар надори аз зиндагии мамолик.

Аз кардахо пушаймон фардо шави ту хайрон,

Тоъат бикун ту дар вакт лаънат бар холи мушрик.

Эмомуддин видоъ кун аз мачлиси ракибон,

Такя бар зоти хак шав зеро,ки хас мухаррик*

 

*мухаррик---харакатдиханда

 

---------------------------------------------------------------

Хазон шуд умри ман гул аз чаман рафт,

Забонам кунда гашту бе сухан рафт.

Танам бе чону мардум нола доранд,

Мани танхо, ки номам аз ватан рафт.

Бо оби гарм бишустанд дасту поям,

Сарам печида тобут бо кафан рафт.

Ба суи кибла бурданд дав-давонам,

Фигони бе амон аз марду зан рафт.

Маро дар хоки худ танхо гузоштанд,

Илохо ин чи шуд дуд аз кафан рафт.

Бо хукми кудраташ чонам бидоданд,

Хамон лахза зи ман сесад сухан рафт.

Умеду мушкил осонам туи ту,

Ки рузам шаб шуду шамъ аз чаман рафт.

Бигаштаст хучраи ман тангу торик,

Кунам афсус ки умри ман бо фанд рафт.

Манам Эмомуддин фархунда гаштам,

Зи дуди дил ох зи гамбози ман рафт.

-------------------------------------------------------

Ман садка шавум забони куронхона,

Дар рохи Худо фидо кунад ин чона.

Аз куча назар кунанд бинанд хоки туп,

Аврохои бо умеди кабристона.

Хам падару хам модар дар хоки хунук,

Боз аруси таги чодир ин Пильдона.

Мардум ки ба худ парда кафанхо доранд

Ру чониби киблаанд Худо медона.

Ин косаи зарина ба пешат монди,

То кай ту куни хурсанд ин шайтона.

Хар дуои сахари асархо дорад,

Пур нагмаи чонгудози ин мургона.

Ин умри азиз бо хори зори бигузашт,

Кай фикр куни бохору тобистона.

Эй дуст бие парастиши нафс макун,

Бин мардуми дар ба дари саргардона.

Эмомуддин имруз паногох карди,

Ин кухои сарбаланди кухистона.

-------------------------------------------------

Курон бихон буи мухаммад дорад,

Сар то сари у ваъдаи чанат дорад.

По бар лаби чуй тахорати том металабад,

Дил хонаи у азону комат дорад.

Хар руз куни адо панч вакт намоз,

Дар боги бихишт сайри киёмат дорад.

Аз хондани ту шод шуд арвохи падар,

Рухи ту ба Каъбахам зиёрат дорад.

Пархез бикун зи гайбати нохалафон,

Чун умри худо наълату нафрат дорад.

Ру бар холи мискинон нихи марди худо,

Бар гунохи кардаги кафолат дорад.

Дар дунёи дуруза маранчон дили касс,

То хонаи хак дарон иморат дорад.

Рузу шаби ту ачаб ачаб мекузарад,

Он умри гузашта ранчу мехнат дорад.

Эмомуддин аз таънаи куфрон маранч,

Ин дунёи дун хам ранчу мехнат дорад…

-----------------------------------------------------------------

 

На шох мондасту на дарвеш Илохо ояти тавба,

Киёмат омадаст аз пеш Илохо ояти тавба.

Сарам чун дар кафан печид ду поям чуфт дар банд аст,

Бо ки ман рози дил гуям Илохо ояти тавба.

Шитобон рох мерафтанд бар суи киблаам имруз,

Видоъ бо марду зан дорам Илохо ояти тавба.

Худовандо панохам гир, ки дар рох марди шайтон аст,

Ба хар холе, медори Илохо ояти тавба.

Нафас печида меояду рузам шом меояд,

Умед аз лутфи ту дорам Илохо ояти тавба.

Нигохбонам шави эй дуст ки Курон дар забон дорам,

Бигардон мушкилам осон Илохо ояти тавба.

Хаёти умри худро ман фиреби нафс гардондам,

Надорам чораи дигар Илохо ояти тавба.

Бубин дар ин замон холлам чи шуд молу амволам,

Надонистам, ки чанд солам Илохо ояти тавба.

Дуруде бар ту мегуям хабиби умати уям,

Чамоли хеш бинмой Илохо ояти тавба.

Кушо кулфи забонамро ё Оллоху ё Акбар,

Бигардон мушкилам осон Илохо ояти тавба.

Манам Эмомуддин хайрон, ки доим гаштаам сарсон,

Дар ин кухсори бе поён Илохо ояти тавба.

 

------------------------------------------------------------------

Умри худ барбод кардам дар талоши зиндаги,

Кухи олам бод кардам дар талоши зиндаги.

Коматам хам гашт чашмам хира по ларзон шуд,

Чанг по фулод кардам дар талоши зиндаги.

Харчи кардам зора кардам хеч у рози нашуд,

Тарки илм-устод кардам дар талоши зиндаги.

Рози дил ногуфта монду дарди дил пинхон шуд

Маърака обод кардам дар талоши зиндаги

Чор тараф дар тагу тозам кай илочи у кунам,

Хамчу мург фарёд кардам дар талоши зиндаги.

Дар дахон дандон намон, ки нони бе минат хурам,

Нафси худро шод кардам дар талоши зиндаги.

Хар сахар мехезаму ру суи кибла мекунам,

Сахви худ пайдо кардам дар талоши зиндаги

Гардани кач мунтазири пеши номардон шудам,

Душмани худ шод кардам дар талоши зиндаги.

Эй бародар хеч гох гофил зи ёди хак мабош,

Дарси дил имдод кардам дар талоши зиндаги.

Кори хакро пеша гиру дар байни ноахлон машин,

Дер боз фарёд кардам дар талоши зиндаги.

Хотири хеш чамъ дор Эмомуддин осуда бош,

Бо факирон ёр бош дар талоши зиндаги.

 

-----------------------------------------------------------

Гузарам зи куча богу бикунам нигохи Бедил,

Хама шаб дар ин умедаст чилвагохи Бедил.

Мани дилфигори гамгин бе карорам шаб то субх,

Суханам бо ки бигуям бие шохсавори Бедил.

Сухани ширин дори бо забони дардманди,

Кулфи дил кушода гаштаст бо буи димоги Бедил.

Дили зор мондаи ман, ки шавад мехмонам.

Бикуни насихати ман доимо фароги Бедил.

Намаке таъом дорад лазатте чашидаам ман.

Хамаи шакари ту канд инкадар чароги Бедил.

Бо китобат хамнишинаму чамоли ту бубинам,

Ман ятими нотавонаму кунам узрхохи Бедил.

Ба тарикати ту бандам бо шариати ту коил,

Машикан дили маро ту бар сарам кулохи Бедил.

Назми ту ширину дилкаш бигаштаст бар забонам,

Ки бо форси бихонам хомаи сиёхи Бедил.

Ба кобои майпарастон, ки кунам шаб зиндадори,

Хама шаб дари умед аст кунам ман нигохи Бедил.

То шавад Эмомуддин ба паёми ошной,

Ман факири дил фиребам дилу чон фидои Бедил.

-------------------------------------------------------------------

Аблахонро гайри навспарвари дунё чи кор

Гайри шахват бо харон аз дидаи дунё чи кор.

Мо гарибему гариб афтода дар мулки шумо,

Бо гарибон ин кадар хам шуру истигно чи кор.

Дидаи хунгаштаам имруз бо ёди хак бирафт,

Мардуми гумгаштаро бо сухбати доно чи кор.

Эй дил аз сузи дарун то кай тассало мехури,

Мо дар ин махфил харобем мавчи ин дарё чи кор.

Умри ту бехуда сарф шуд дар хароботи хаёл,

Гайри шуру шар, дар инчо сухбати мулло чи кор.

Сабру токкат пеша гиру аз ёди хак гофил мабош,

Дарди дил бо худ бигу аз шиштани боло чи кор.

Ёраб аз дарди дарун имруз илочи чора нест,

Бо мусофиру гадоён деги бе шурбо чи кор.

Ошноёнро бигуфтем хез ибодат пеша гир,

Бо ракибо хобби гафлат шайхи барноро чик кор.

Рузу шаб Эмомуддин аз фитнахо эмин мабош,

Бо хаёли зиндаги фарди укборо чи  кор.

--------------------------------------------------------------------------------------------------

М.Э.Камолов
Нохияи Чиргатол
ШАГ ВПЕРЁД ДВА ШАГА НАЗАД!