Камолов М. Э.

АСЛУ НАСАБИ ШАРИФИ ПАЁМБАР (с)

03.02.2009


МУҲАММАД (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) АСЛУ НАСАБ, ПАЙДОИШУ КАМОЛОТ ВА АҲВОЛИ ЗИНДАГОНИИ Ӯ ПЕШ АЗ ДАВРОНИ ПАЁМБАРӢ

АСЛУ НАСАБИ ШАРИФИ ОН ҲАЗРАТ

Ӯ меҳтару сарвари оламу одам, беҳтару хотами паёмоварони Худованд, ҳазрати Муҳаммад аст, писари Абдуллоҳ, писари Абдулмутталиб, писари Ҳошим, писари Абдуманоф, писари Қусай, писари Килоб, писари Мурра, писари Каъб, писари Луай, писари Ролиб, писари Феҳр, писари Молик, писари Назр, писари Кинона, писари Хузайма, писари Мудрика, писари Илёс, писари Музир, писари Низор, писари Муъадд, писари Аднон.
Ному насаби ин бисту як нафар аз падарон ва падарбузургони ӯ (бобову бобокалон) аз Абдуллоҳ то Аднон дар китобҳои торих ба таври мазбут ва бо диққати харҷи тамом дар шаҷараномаҳо дарҷ ёфта. Аднон ба иттифоқи тамоми муаррихин аз зуррия ва насли Исмоил фарзанди Иброҳим (алайҳимо-с-салом) аст, вале номҳо ва адади он падарон, ки силсилаи Аднонро ба Исмоил бирасонад, ба таври дақиқ ва мазбут наёмада.
Модари он ҳазрат, Омина духтари Ваҳаб аст, ки дар ҷадди (бобо) чаҳоруми худ ба насаби падарии паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳ мегардад. Ба ин сурат, ки Ваҳаб писари Абдуманоф, писари Зуҳра, писари Килоб аст. Килоб ҷадди (аз пушти падарӣ) панҷуми паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Яъне падар ва модари он ҷаноб ду шохае хастанд, ки дар Килоб ба як шаҷара муттасил мегарданд. Ҳарду аз як аслу насаб. Номи аслии Килоб, Ҳаким ва ба ривояте Урва бошад.

ҚАВМ ВА ҚАБИЛАИ ОН ҲАЗРАТ
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Қабилаи ӯ ҳамон қабилаи Қурайш аст, ки дар миёни тамоми арабҳо бо шарафмандӣ, номоварӣ, бархурдорӣ аз ҳайсияти пойдории иҷтимоӣ ва мақому мартабаи поку муқаддас шӯҳрат ёфта. Қурайш дар асл лакаби Феҳр, писари Молик ё Назр писари Кинона буда, баъдҳо ба номи қабила мубаддал аст.
Ҳар як аз фаъолон ва корнамоёни ин қабила дар замони худ аз аъён ва бузургзодагон ба шумор мерафтанд. Қусай, номи аслиаш Зайд, аз гузаштагони худ бо чанд хусусият фарқ дошт: Ӯ аввалин Қурайшие буд, ки идора ва сарпарастии хонаи Каъбаро ба даст гирифт. Пеш аз он сарпарастӣ ва идораи он ҷойгоҳи мукаддас ба дасти қабилаи Ҷурҳум буд. Қурайшиҳо бошанд, дар атроф ва берунҳои шаҳраки Макка дар канори дигар қабилаҳо зиндагӣ мекарданд. Чун коргардонии (мутаваллигӣ) корҳои хонаро ба даст гирифтанд, ҳиҷобат (пардадорӣ, бордиҳӣ, ҳарамдорӣ) ва сидонати (посдорӣ, нигоҳбонӣ) он ба Қусай ихтисос ёфт, Қусай ҳамзамон бо якпорча сохтани қабилаи худ - Қурайш онро дар ҳавзаи дохили Макка ва канораҳои он ҷой дод.
Ӯ доираи хидматгузорӣ ва хадамоти иҷтимоӣ ба зоирон ва қосидони хонаро инкишоф дода, пешаи сиқоят (обдиҳӣ, обрасонӣ) ва рифодатро (дастурхондорӣ, пазироӣ аз зоиронро) ба вуҷуд овард. Дар ҳавзчаҳо ва обнигаҳдорхои махсуси чармӣ, нӯшобаҳои гуворо ва шарбати хурмо ё асал ё мавиз ё дигар меваҷот омода сохта, дар хидмати зоирони хона қарор медоданд. Дар мавсими зиёрат ҳамчунин хонҳо густурда, таъом ва хӯрданиҳо мениҳоданд. Қусай дар тарафи шимоли хонаи Каъба кулбае бино ниҳод, ки онро "Дорун-надва" (маҷлисгоҳ) мегуфтанд. Он машваратгоҳ маркази фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва қарордодҳову қарорбастҳои Қурайш ба шумор мерафт. Ақди никоҳ ва ё қарордоди ҳар амри дигаре дар он баста мешуд. Парчамдорӣ ва роҳбарӣ ба дасти ӯ (Қусай) буд. Агар набарде иттифоқ меуфтод, парчам ба дасти ӯ барафрошта мешуд. Ӯ карим, баландҳиммат, хирадманд ва соҳиби сухани аввалину охирин дар миёни қавми хеш буд.
«Эй Парвардигори ман, ба ман илҳом кун (ва тавфиқ бидеҳ), то шукри неъматеро ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаӣ, ба ҷой орам ва то коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон!» Аҳқоф; 15
ХОНАДОНИ ОН ҲАЗРАТ
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Хонадони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо нисбат ёфтан ба ҷадди дувуми ӯ Ҳошим, бо номи дудмони "банӣ Ҳошим" шинохта мешуд. Ӯ (Ҳошим) аз Қусай сиқоят (обдиҳӣ) ва рифодатро (дастурхондорӣ) ба ирс бурда, баъд аз сари ӯ бародараш Мутталиб ва сипас фарзандони Ҳошим то зуҳури Ислом яке пас аз дигаре он ду вазифа ва шарафи хидматгузориро ба ирс мебурданд. Ҳошим боҳимматтарин ва беҳтарин мард дар миёни ҳамасрони худ буд. Ӯ нон мешикаст (майда ва реза мекард) ва бо гӯшт меомехт ва аз он сарид (ишкана, тарфов) тахия намуда, мардумро таом медод. Ба ҳамин хотир ӯро Ҳошим (, яъне ноншикан) номиданд. Номи аслии ӯ Амр аст. Нақшакаши ду риҳлат (сафари тиҷоратӣ) - риҳлату-ш-шито (сафари зимистона) ба Яман ва риҳлату-с-сайф (сафари тобистона) ба Шом низ ӯ буд,. Ҳамчунин ӯ бо сайид ва пири Батҳо (биёбонҳои беобу алафи беруни Макка) маъруф буд.
Омадааст, ки Ҳошим дар яке аз сафархои бозаргонии худ ба сӯи Шом, дар Мадина раҳли иқомат афканд ва назди Салмо духтари Амр аз бани Адий ибни Наҷҷор кас фиристод ва ӯро ба ақди худ даровард. Эшон чанде бо ҳам буданд то Салмо обистан гардид. Ҳошим боз ба сӯи Шом ба роҳ уфтод. Дар роҳ, аз қазои илоҳӣ маргаш даррасид ва дар Ғаззаи сарзамини Фаластин ҷаҳони фониро видоъ гуфт. Аммо Салмо пас аз ба саромадани даврони обистанӣ, писаре ба дунё овард, ки мӯяш сафедгуна буд. Ӯро Шайба номид. Шайба дар миёни доиҳои (тағоиҳо) худ нашъунамо ёфт то ба умри ҳафт-ҳаштсолагӣ расид. Амми (амаки) ӯ Мутталиб аз ҷараёни кор огоҳ гардид ва бародарзодаи худро ба Макка овард.
Чун мардум ӯро бидиданд, пиндоштанд, ки Мутталиб ғуломе (бардае) овардааст ва ӯро Абдулмутталиб (ғуломи Мутталиб) хитоб намуданд. Аз ин ба баъд ӯ бо ҳамин ном Абдулмутталиб шинохта шуд.
Абдулмутталиб марди зебоманзаре ва гарммаҳзаре буд. Дар шаъну шараф ба қуллаҳои баланде даст ёфта, дар қавми худ сайиди берақиб ва коргардони қофилаи тиҷоратии Макка буд. Аз бисёрии доду диҳиш мардум ӯро "Файёз" меномиданд. Тамоми паррандаву чарранда аз хони ӯ нонреза мечид. Ҳамин буд, ки ӯро таъмингар ва нондеҳи мардум дар дашту даман ва ғамхору нонрезадеҳи ҷонварон дар кӯҳу камар ном мебурданд. Ифтихори ковиш ва азнавсозии чоҳи Замзамро низ ӯ ба ӯҳда гирифт. Ин чоҳро қабилаи Ҷурҳум ҳангоми ронда шудан аз Макка нобуд сохта, заминро бар он ҳамвор намуда буданд. Абдулмутталиб дар хобаш дид. ки ба хокрубӣ ва ковиши дубораи он амр мешавад ва мавзеъи ҷойгиршавии он низ барояш муайян гардид.
Ҳодисаи лашкаркашии Абраҳаи Ашрам бо шаст ҳазор сипоҳӣ аз Яман ба сӯи Макка, ки дар торих бо ҳодисаи "Фил" маъруф аст, дар аҳди ӯ иттифоқ уфтод. Абраҳа ин лашкари ҷаррорро аз ҳабашҳо ҷамъ оварда, филоне низ ҳамроҳ дошт. Ҳадафи Абраҳа аз ин лашкаркашӣ, вайрон кардари хонаи Каъба ва бино намудани як чунин ҷойгоҳи муқаддасе дар Яман буд, то зоирону қосидони онро аз рафтан ба сӯи Макка мунсариф ва ба Яман ки маркази ҳукми ӯ буд, равон созад. Ӯ дар водии Муҳассар миёни Муздалифа ва Мино хиргоҳ зад ва аз бех барчидани бунёди Каъбаро дар сар дошт.
Лашкари анбӯҳ ба фармони ӯ дар ҳоли омодабоши комил даромаданд. Абраҳа нахуст филони ҷангиро дар муқаддимаи сипоқ ба сӯи Каъба ба роҳ андохт. Лашкари сар то пой оҳанпӯш низ ба ҳаракат уфтод. Ҳамин буд, ки ҳазрати раббулиззат лашкариёни болупардори худ, дастаҳо ва фавҷҳои нашнохтаеро ба пеш ронд. Он паррандагон бо сангҳое аз санггил (гили сангшуда) сипоҳи Абраҳаро мавриди ҳамла қарор доданд ва ҷумлагиро ба коҳи хӯрда ва кӯфтаи зери суми чаҳорпоён мубаддал сохтанд. Ин рӯйдод тақкрибан ду моҳ қабл аз таваллуди сарвари коинот буд.
Падари паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Абдуллоҳ яке аз покдомантарин, хубрӯтарин ва маҳбубтарин фарзандони Абдулмутталиб ба шумор мерафт. Ӯ низ чун Исмоил (алайҳи-с-салом) аз назршудагони даргоҳи Ҳақ буд, зеро пас аз хокрубӣ ва ковиши чоҳи Замзам аз тарафи бобояш Абдулмутталиб чун нишонаҳои об падид омад, дигар шохаҳои Қурайш ба кашмакашу низоъ даст заданд ва ҳар гурӯҳе аз пайи тасоҳуби он баромад. Абдулмутталиб ҳангоме раванди корро чунин дид, даст сӯи осмон бурд ва бо парвардигораш аҳд баст: "Агар ӯро даҳ фарзанд бидиҳад ва ҳама ба камол расанд то битавонанд аз ӯ ҳимоят намоянд, яке аз эшонро пеши даргоҳи ӯ қурбон намояд".
Худой дархости ӯро бароварда сохт ва акнун навбати Абдулмутталиб буд, то ба назри худ вафо намояд. Дар миёни фарзандони худ қуръа (баргчаҳо) партофт. Қуръа бар Абдуллоҳ рост омад. Ӯро ба назди хона, он ҷойгоҳи муқаддас овард, то қурбонии даргоҳи Ҳақ бисозад. Қурайш ӯро аз азмаш боздошт. Абдулмутталиб сад шутур ба ҷои ӯ фидя (хунбаҳо) дод. Аз ин ҷост, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз насли ду забиҳ (назр ва қурбонигашта) Исмоил (алайҳи-с-салом) ва Абдуллоҳ ва фарзанди ду фидя дода шуда мебошад. Худованд дар фидяи Исмоил (алайҳи-с-салом) гӯсфанде (қушқор) фиристод ва ба ивази Абдуллоҳ сад шутур, фидя дода шуд.
Абдулмутталиб Омина духтари Ваҳабро, ки дар миёни занони Қурайш аз ҳайсият ва эътибори баланд бархурдор буд, барои фарзанди худ Абдуллоҳ ба ҳамсарӣ баргузид. Падари ӯ Ваҳаб низ аз аъён ва бузургони Банӣ Зуҳра ба шумор мерафт. Абдуллоҳ ва Омина аз ҳам камоли васл ҷустанд. Омина аз ӯ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) обистан гардид.
Абдулмутталиб дар қофилаи бозаргонон Абдуллоҳро ба Шом фиристод. Дар бозгашт чун ба Мадина шуданд, Абдуллоҳро марг даррасид ва аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ин пеш аз ба дунё омадани паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд.

ТАВАЛЛУДИ ПАЁМБАР
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) субҳгоҳи рӯзи душанбе, нуҳум ва ба қавле дувоздаҳуми моҳи Рабиъулаввал дар шиъби (дараи) Банӣ Ҳошим дар Макка чашм ба дунё кушуд. Ин ҳамон соли ҳодисаи "Фил" буд. Ин торих ба бисту дувуми (22) моҳи апрели соли 571-и мелодӣ мувофиқ меомад.
Шифо, духтари Амр, модари Абдураҳмон ибни Авф (разияллоҳу анҳу) қобилаи (доя) Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Омина вақте ӯро ба дунё овард, нуре аз ӯ берун ҷаст ва бидурахшид, ки қасрҳои Шомро партави он фаро гирифт. Абдулмутталиб шоду масрур ба дидори мавлуди шариф омад. Ӯро дар канор гирифт ва ба назди Каъба бурд. Сипоси Ҳақро ба ҷой оварду дуо гуфт ва фарзанди худро Муҳаммад номид. Дар рӯзи ҳафтум тибқи расму ойини Араб ӯро ақиқа намуду хатна ба ҷой овард ва ба мардум таом дод.
Баракаи ҳабашӣ, Уммиайман канизи падараш - Абдуллоҳ, парасторӣ ва доягии ӯро ба ӯҳда дошт. Уммиайман то аҳди рисолат зинда буд, ислом оварда, ба Мадина ҳиҷрат намуд ва панҷ ё шаш моҳ баъд аз вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба раҳмати Ҳақ пайваст.

ДАВРОНИ ШИРХОРАГӢ

Пас аз модараш нахустин зане ки пистон ба даҳони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ниҳод, Сувайба - канизаки Абулаҳаб буд. Он зан дар ҳамон синну сол писаре ба номи Масруҳ дошт ва пеш аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Ҳамза писари Абдулмутталиб, амми он ҳазрат ва баъд аз ӯ Абусалама писари Абдуласади Махзумиро низ шир дода ва ҳар ду бародарони ризоии (ҳамшири) ӯ буданд.
Абулаҳаб ба шодбошии таваллуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) канизи худ - Сувайбаро озод сохт, вале чун даврони рисолати он ҷаноб расид ва ӯро ба дини Ислом даъват намуд, рӯй битофт ва аз сахттарин душманони он ҳазрат гардид.
ДАР ҚАБИЛАИ БАНӢ САЪД

Дар он рӯзгор Арабро одат чунин буд, ки дар деҳот ва бодияҳо барои рушд ва тарбияи фарзандони худ, доя ва парастор меҷустанд ва тибқи ҳол, вазъи зиндагӣ ва сатҳи маишӣ иҷтимоии худ, он хонаводаҳои деҳотӣ ва бодиянишинро кӯмак ва дастгирӣ менамуданд ва онҳо дар иваз аз фарзандони эшон парасторӣ ва нигоҳбонӣ мекарданд. Ба гунаи паймон ва қарордоде дармеомад. Шаҳрнишинон фарзандони худро дар айёми туфулат, камолот, шиносоӣ бо давру атроф ва тааққул ва дарки олами ҳастӣ аз шаҳрҳо дур нигоҳ медошта

М.Э.Камолов
Нохияи Чиргатол
ШАГ ВПЕРЁД ДВА ШАГА НАЗАД!