Камолов М. Э.

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

21.01.2009

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, № 21, мод.223; соли 1997, №9, мод.110; соли 1998, №10, мод. 111, 115; соли 2000, №6, мод.349; соли 2001, №4, мод.200; соли 2004 №2, мод.43; соли 2006, №3, мод. 142)

ФАСЛИ ЯКУМ.
ТАШКИЛИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СТАТУСИ СУДЯҲО

БОБИ I.
ҚОИДАҲОИ УМУМӣ

Моддаи 1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳокимияти судӣ.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститут-сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини волояти меъёрҳои Консти-тутсия ва амалӣ бевоситаи он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқ, ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст.

Моддаи 2. Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон
Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон дар асоси кори дастачамъи, ошкорбаёни, муста-килият, мубохиса ва баробархукукии тарафҳо амал карда, тобеи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ мебошад.

Моддаи 3. Қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳо, салоҳият, тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ муайян карда мешаванд.
Масъалаҳои дохилии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Консти-тутсия ва ҳамин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, тавассути Рег-ламенти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад, танзим карда мешаванд.

БОБИ II.
ҲАЙАТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ОН

Моддаи 4. Ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 нафар судя: Раис, муовини Раис ва 5 судяи Су-ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Яке аз судяҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш на кам аз 30 ва на зиёда аз 65 аст, маълумоти олии ҳуқуқ ва на камтар 10 сол собиқаи кории касбӣ дорад, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда метавонад.

Моддаи 5. Мӯҳлати ваколати судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 сол интихоб мешавад.
Агар мӯҳлати ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дида баромадани кор бо иштироки ӯ ба охир расад, ваколаташ то баррасии интихоби он кор нигоҳ, дошта мешавад.

Моддаи 6. Тартиби интихоби судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раис, муовини Раис ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи алоҳида интихоб карда мешаванд.
Шахсе интихобшуда ҳисоб мегардад, ки аксарияти овози шумораи умумии аъзои Маҷлиси мил-лиро гирифта бошад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар сурати интихоб шудани камаш аз се ду ҳиссаи ҳайати он ба фаъолияти худ оғоз намояд.
Дар сурати пеш аз мӯҳлат аз вазифа рафтани Раис, муовини он ё судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи худ мувофиқи тартибе, ки ин Қонуни коститутсиони муқаррар кардааст, ба ҷои онҳо шахсони дигарро ин-тихоб менамояд.

Моддаи 7. Савганди судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раис, муовини Раис ва судяҳои Суди коститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб шудан дар иҷлосияи Маҷлисии миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин савганд ёд мекунанд:
«Ман ба сифати Раис, муовини Раис, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан риоя ва ҳифз менамоям, вазифаҳои ба зиммаам ҳамчун Раис, муовини Раис, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташу-даро софдилона иҷро карда, фақат ва фақат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунам» .

БОБИ III
СУДЯҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 8. Мустақилияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти иҷрои вазифаҳои худ мустақил буда, фақат тобеи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ мебошанд. Ягон хел мудохила ба фаъолияти онҳо, инчунин ба ягон шакле таъсиррасонӣ ба мақсади мамониат кардан ба фаъолияти онҳо мумкин нест ва барои чунин амал аз рӯи Қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.
Мақоми судяи Суди конститутсионӣ бо ваколати вакили, узвияти ҳизби сиёсӣ ва идтиҳодияҳои ҷамъиятии сиёсӣ , ишголи вазифаи дигар, фаъолияти соҳибкорӣ, иҷрои кор ва гирифтани музд дар дигар мақомоти давлати ва ҷамъияти, машғулият бо фаъолияти хусуси, ба истиснои фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва омузгорӣ номувофиқ мебошад.
Судяи Суди конститутсионӣ ҳуқуқ надорад, ки дар суд ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сифати ҳимоятгар ё намоянда, ба ғайр аз намояндаи қонунӣ будан, иштироқ кунад, ягон шахсро барои соҳиб шудан ба ҳуқуқ ё озод гардидан аз масъулият ҳимоя намояд.
Дар давоми мӯҳлати ваколат судяҳои Суди конститутсионӣ иваз карда намешаванд. Онҳоро аз ваколаташон маҳрум кардан, ваколаташонро маҳдуд кардан, аз вазифа холи кардан мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст.
Аз фаъолияти Суди конститутсионӣ ва судяҳои он оид ба масъалаҳои мурофиаи конститутсионӣ ҳисобот дода намешавад. Суди конститутсионӣ ҳар, сол ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нома мефиристад.

Моддаи 9. Дахлнопазирии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазиранд.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе розигии Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ҳабс кардан, мавриди чораҳои ҷазои маъмурӣ, ки ба воситаи суд он татбиқ мегардад, карор додан мумкин нест. Дастгир кардан, мачбуран овардан фақат дар мавриде мумкин аст, ки дар ҷои содир намудани ҷиноят дошта шудааст ва дар ин бора фавран ба Раиси Суди конститутсионӣ ё муовини ӯ хабар дода шуда бошад. Парвандаи ҷиноӣ нисбати судяи Суди конститутсионӣ фақат аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад. Парвандаи ҷиноӣ ва парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати су-дяи Суди конститутсионӣ фақат тобеи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дохил шудан ба манзил, ҷои кори судяи Суди конститутсионӣ, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии вай ва аз назар гузаронидани он ҷоҳо, гирифтан, инчунин тафтиш ва кофтукови шахсии судяи Суди конститутсионӣ, ҳамчунин тафтиш ва мусодира намудани амвол ва ҳуҷҷатҳои ба вай тааллуқдошта фақат бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мавҷуд будани парвандаи ҷиноии огозшуда нисбати он судя мумкин аст.
Бе розигии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяи Суди конститутсионӣ татбиқ, намудани чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ дошта, ғайриқобили амал донистан ва аз қобилияти амал маҳдуд кардани ӯ ва инчунин нисбати он дар суд парвандаи дахлдор оғоз намудан мумкин нест.
Судяи Суди конститутсиониро барои изҳори акидааш дар мурофиаи конститутсионӣ мавриди ягон хел таъсиррасонӣ қарор додан мумкин нест.

Моддаи 10. Боздоштани ваколатҳои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваколатҳои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад боздорад:
1) агар судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайронкунии тартиби муқарраргардида интихоб шуда бошад;
2) агар бо тартиби мукарраршуда барои ҳабси судя ва ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани вай розигӣ дода шуда бошад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои судяро то аз байн рафтани асосҳои дар боло зикршуда боздошта метавонад.
Мавҷудияти асосҳои барои боздоштани ваколатҳои судя бо таъиноти Суди конститутсион муқаррар ва ҳал карда мешавад.

Моддаи 11. Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин амалӣ мегардад:
1) ба сабаби қонеъ гардонидани ҳоҳиши судя дар бораи истеъфояш;
2) нисбати ӯ мавҷуд будани ҳукми айбдоркунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
3) дар асоси қарори қувваи қонуни пайдокардаи суд дар бораи ғайриқобили амал, бедарак ғоибшуда ё фавтида донистани он;
4) ба сабаби вафоти судя;
5) машғул шудани судя ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;
6) маҳрум шудани судя аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;
8) бе сабабҳои узрнок зиёда аз ду маротиба пай дар пай иштирок накардани судя дар маҷлисҳои Суди конститутсионӣ ва ё саркашӣ кардани ӯ аз овоздиҳӣ;
9) ба сабаби вазъи саломатӣ ва ё бо дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаҳои худро иҷро накардани судя;
10) ба охир расидани мӯҳлати ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баъди бозхонди судяи Суди конститутсионӣ ваколатҳояш ҳамчун Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони он ва котиби Суди конститутсионӣ низ қатъ мегардад.

Моддаи 111. Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Итеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз вазифа рафтани ӯ мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати дахлнопазирии шахсиаш ва мансубияташ ба ҷомеаи судяҳо нигоҳ дошта шуда, ба ӯ шаҳодатномаи судяи дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода меша-вад.
Ҳар судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, бо хоҳиши худ сарфи на-зар аз синну сол ба истеъфо барояд.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон он гоҳ ба истеъфо баромада ҳисоб мешавад, ки агар ӯ бо асосҳои зерин бозхонд шуда бошад:
аризаи хаттиаш дар бораи баистеъфо рафтан қонеъ гардида бошад;
агар мӯхлати ваколаташ ба охир расида бошад;
агар ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал донистани ӯ қувваи қонуни пайдо карда бошад;
агар бо сабаби вазъи саломатӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаи худро иҷро карда натавонад.
Ба судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда, ки аз рӯи касби ҳуқуқшиносӣ ба таври умумӣ на камтар аз бист сол собиқаи корӣ дорад, бо майлу хоҳишаш нафақа ё баробари ҳаштод фоизи музди меҳнати судяи фаъолияткунандаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод дода мешавад.

Моддаи 12. Муҳофизати ҳуқуқи меҳнатии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба судяи Суди конститутсионӣ, ки муҳлати ваколаташ ба охир расидааст ва ё хоҳиши у барои ба истеъфо баромаданаш қонеъ гардонида шудааст, вазифаи (кори) пештарааш ва ё вазифаи (кори) ба он баробар дода мешавад.
Муддати дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ кор кардан ба собиқаи

М.Э.Камолов
Нохияи Чиргатол
ШАГ ВПЕРЁД ДВА ШАГА НАЗАД!